БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО ЭҲТИЁТ НАМО!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муҳим андешида, бо мақсади он, ки мардум оид ба масъалаҳои зикршуда маълумоти бештар дошта бошанд, ҳамарӯза масъулин  бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.                 

Чунин як чорабинии судманд аз ҷониби масъулини ҳизб ва вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев Ҳасанов Абдураҳим дар деҳаи Қушқияи миёнаи Ҷамоати деҳоти мазкур доир карда шуд. Дар вохӯрӣ нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид суханронӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки солимии ҳар як шахс дар дасти ӯст. Инчунин, мавсуф тавсия дод, ки ба ҷойҳои серодам кам раванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

Ҳамзамон, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои зикршуда дастрас гардида, таъкид карда шуд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва ба даст овардани фоидаи зиёдтар аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ягон ваҷаб заминро бекор намонем.

   

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg