БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» ТАДБИРИ МУҲИМ ДАР ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо усули «хона ба хона» бо сокинон вохӯри доир гардида, оид ба пешгирии интиқол ва паҳнгардии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар ин рӯз бо 58 хонавода суҳбатҳо доир гардида, ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ  оид ба масъалаи мазкур тақсим карда шуд. Дар рафти суҳбат, махсусан диққати ҷиддӣ додан ба қоидаҳои умумии гигиению беҳдоштӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар кӯча таъкид карда шуд. Усули «хона ба хона» тадбири хубест баҳри пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳии бевоситаи ҳар нафар сокини шаҳр, ки аз он дар фаъолияти масъулини ҳизб васеъ истифода мешавад. Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар вақти таътил бештар диққат дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg