БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ВУСЪАТИ ТОЗА ЁФТА ИСТОДААНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, корҳои  ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба  роҳ  монда,  барои  боз  ҳам  беҳтар  намудани   симои   маркази  ноҳия    фароҳам овардани шароити арзанда ба сокинон дар  ростои  «Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ», Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»-ро  баргузор  намуда,   роҳҳои   одамгузари  кӯчаҳои  маркази  ноҳияро  сафолакпӯш  карда истодаанд.

Бо иқдоми Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ва  дастгирии  сокинони кӯчаи ба  номи  Бобоҷон  Ғафурови маркази  ноҳия  роҳҳои  одамгузар  ба  масофаи  200 метр  сафолакпӯш  карда  шуда, онҳо  тасмим гирифтанд, ки роҳҳои  кӯчаҳои   маркази  ноҳияро бахшида  ба   истиқболи  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  сафолакпӯш  карда, ин ҷашни муқаддасро бо дастовардҳои назаррас истиқбол менамоянд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg