БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО ЗАНОНИ ДЕҲОТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва татбиқи босамари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи масъулияти падару модар дар таълмиу тарбияи фарзанд” кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо занони  деҳаи Умарқазоқи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа мулоқот доир намуданд.

Дар субат масъулин  бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон дар ҳифзи оиладорӣ, омода кардани онҳо ба оиладорӣ, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон ва таълиму тарбияи фарзандон, бунёди оилаи солим, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, маърифати либоспӯшӣ, риояи гигиениаи шахсиву ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан ва оила нақши муҳим мебозад, суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом  аз тарафи масъулин  ба занон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври ройгон дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg