БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID 19

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон, варзиши шаҳри Кӯлоб барои пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус дар ҳамаи маҳаллаҳо ва роҳравҳои марказҳои шаҳри Кӯлоб Аксияҳои ҳизбӣ  мунтазам гузаронида истодаанд. Вобаста ба ин масъулин дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба сокинон оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус огоҳ сохтанд, ки худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ ҳифз намоянд.

Инчунин, зимни Аксия маводҳои таблиғотӣ, аз қабили варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, ки беш аз 350 ададро ташкил медод, тақсим ва дастрасӣ сокинон гардонида шуданд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg