КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагии “Созандагони Ватан” корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар ҷамаотҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб Аксияҳои “хона ба хона” гузаронида истодаанд.
Зимни баргузории Аксия дар маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандон ва волонтёрон ба сокинон ҷиҳати риояи қатъии қоидаҳои гигиенӣ хотиррасон ва таъкид карда шуд, ки худ ва наздиконашонро ҳифз намоянд. Дар аксияи мазкур беш аз 200 адад ниқоб ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.