КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созондагони Ватан” вобаста истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар шаҳри Кӯлоб корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Сокинони деҳаи Хонаободи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳар қитъа замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, пайваста талош меварзанд. Масъулин аз заминҳои киштшудаи сокинон дидан намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Ҳамчунин, дар ин замина ба онҳо варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ 150 адад дастрас карда шуд.