ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Авесто мулоқот доир намуданд. Масулин дар суҳбат вобаста пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин ҳарф зада, онҳоро ба риояи гигиенаи шахсӣ ва меҳнати софдилона талқин карданд.
Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дар бораи масъалаҳои мазкур дода шуд.