БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ АҚИДАҲОИ НАЗҲАТИЁН БЕТАРАФ НЕСТАНД

ВОКУНИШ. Дар  моварои  таърихи башарият  ҳазорҳо  ҳодисаву   вокеаҳое ҳастанд, ки андешаи  одамонро  ба шӯр меоранд. Ташкилоти  террористиву экстремистии назҳати Ислом, ки фаолияти  пасипардаашон  бо далелҳои  раднопазир  ошкор шудаву   дар кишвар   фаъолияташ манъ карда  шудааст,  кӯшиши   ноором сохтани   вазъи  сиёсии ҷомеаро намуда истодааст. Ин гурӯҳҳои  ифротгароӣ  хуб дарк накардаанд, ки  хасу хори  Ватан  аз он палидҳое, ки  онҳо имрӯз  барои   ин миллату  ин  сарзамини озоду  соҳибистиклол    хиёнат мекунанд,  пурарзиштар аст. Имрӯзҳо  нафароне  ҳастанд, ки  ба қадри ин миллату  ин давлати хеш  намерасанд,  чунки онҳо гумроҳанд,  намедонанд  дар ҳаёти   имрӯза  ба  манфиати, ки кор карда истодаанд. Сабаби ин ҳама кӯрзеҳниҳо надоштани  иродаи  сиёсию   ватандӯстӣ,  наомӯхтан  дар  макотибҳои миёнаву олӣ,  надоштани  тафаккури  ахлоқиву   сиёсӣ  ва меҳанпарастӣ  мебошад.   

Бори дигар ин филми “Хиёнат” моро аз саҳифаи таърихи миллати тоҷик, аз дасти нотавонбинон, чи мусибатҳои даҳшатборе аз дасти наҳзатиёни хиёнатпеша тарҳрезӣ гардида буд,  ба сари мардуми бегуноҳ дар ин сарзамин гузаштааст, хуб огоҳ кард. Мо ҷавонон ҳеч гоҳ   намегузорем, ки ин амали ваҳшиёнаи наҳзатиён боз такрор ёбад. Ҳар як ҷавони имрӯзаи мо дорои  ҳисси баландии  миллӣ,  дониши мукаммал  ва фаҳмиши амиқ мебошанд, ки  дар  ин роҳ  мисли  сипар ӯро ҳимоя   мекунанд. Сиёсати  дурандешонаи   меъморӣ  қасри   муҳташами   бегазанди  сулҳу ваҳдати  Тоҷикистон, Пешвои  муаззами   миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  хиради  азалии  миллати  тамаддунофару   фарҳангиамон  такягоҳи  рӯзгори  осудаву  ободӣ мост.

Волонтёрони назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg