БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САОДАТИ МО АЗ ВАҲДАТ АСТ

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Ҳамдиёрони азиз,

аъзои муҳтарами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди даврони соҳиб-истиқлолии кишвар – Тоҷикистони азиз маҳсуб ёфта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат, пойдории давлат гузошта истодааст.

27-уми июни соли 1997 – рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, санаи оғози саҳифаи нави таърихӣ, санаи саодат ва якдилии миллати тоҷик ва дигар халқиятҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  

Хотирнишон мекунем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо роҳнамоии душманони хориҷӣ ва бадхоҳони давлату миллат бо истифода аз фурсати барояшон қулай солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ташкил гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор қурбонӣ боқӣ гузошта, тахминан, 1 миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ ва маънавӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 миллиард доллари америкоиро ташкил дод.

Созишномаи мазкур барои ин миллату давлат хеле арзишманд аст, зеро дар чунин лаҳзаҳои ниҳоят вазнину фоҷиабор мардуми Тоҷикистон ташнаи сулҳу оромӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ буданд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва баргузор гардида, роҳбарияти навинтихобшудаи давлат масъулияти вазнини ба эътидол овардани вазъи мамлакатро ба дӯш гирифт.

Дар раванди музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ дар кишварҳои гуногуни олам идома доштанд, роҳбарияти давлат чил санади муҳимро ба имзо расониданд.

Дӯстони азиз!

Ҳифзи Истиқлолияти дав-латӣ ва гиромидошти Ваҳдати миллӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун омили муҳимтарини рушди ҷомеа доимо арзёбӣ мегарданд.  

Яке аз ҳадафҳои ҲХДТ расидан ба қадри ин неъмати бузург – Ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамагон, бахусус, ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат дигарбора ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карда тавонанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки аз воқеаҳои мудҳиши солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бо дасти душманони хориҷӣ тарҳрезӣ гашта буданд, сабақ омӯзем, боэҳтиёт бошем, ба доми худфиребон наафтем.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Мо набояд фориғбол бошем. Барои мо доимо бояд ду чиз сабақ бошад: ҷанги таҳмилии шаҳрвандию оқибатҳои он ва ё идома доштани ҷанги шаҳрвандии 42-солаи ҳамсоякишвари мо – Афғонистон. Ҳар гоҳе сангпартоиҳои хоинон, ки пеш омад, мо бояд аввал андеша кунем. Давлати хешро  мо худ месозем. Бошад ки оқиливу заковати солим моро роҳнамо ва аз гирдоби хоинону роҳгумон нигоҳ дорад ва ваҳдати моро поянда гардонад.

Тавре маълум аст, Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки давлати мо низ дар қатори дигар давлатҳои дунё бар зидди хатарҳои бемории коронавирус мубориза мебарад. Чунин вазъу ҳолатҳо бояд моро аз пештара дида фаъолтару муттаҳидтар гардонад.  

Пешрафту ободии мамлакат, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, бешак, ҳама аз самараи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ аст.

Хушбахтона, тӯли 23 соли Ваҳдати миллӣ зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар миқёси дунё ба таври шоиста муаррифӣ гардид ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби кишварҳои дунё ҷонибдорӣ пайдо карданд.

Бемуҳобот, чеҳраи хандону хушбахтии ҳар хонадони Тоҷикистони азиз аз самараи Ваҳдати миллист. Биноан, бо қалби саршор аз ифтихор ин санаи муборак, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро ба шумо  – аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дар умум кулли мардуми шарифи вилояти Хатлон самимона табрик гуфта, бароятон солимӣ, рӯзгори осуда ва босаодат таманно мекунам. Бигзор, Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон ҳамеша пойдор  бимонад.            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg