
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоат деҳоти ба номи М.Вайсов бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” мулоқоту суҳбатҳо гузаронида шуд.
Масъулин дар рафти суҳбат ба сокинон, вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ варақаҳои таблиғотӣ дода, таъкид намуданд, ки дар корҳои созандагиву ободонӣ, захираи маводи хӯрока бо истифодаи заминҳои корам дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон саҳмгузор бошанд.