![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/3333_2.jpg?itok=VRzKnENB)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус ва ҳамчунин, истифодаи мақсадноки замин дар деҳаи Дашти дили Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо усули “ хона ба хона“ роҳандозӣ намуданд.
Иботов Диловар мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба нишонаҳо ва пешгирии бемории коронавирус суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бе зарурат барои бо қувват кардани организм доруворӣ истеъмол накунанд ва дар ӽолати пайдо шудани нишонаӽои беморӣ ба духтурон муроҷиат намоянд.