ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ-3”-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона» бо сокинон оид ба қоидаҳои муҳофизат аз бемории сироятии коронавирус вохӯрии таъсирбахш доир гардид.
Масъулин ҳангоми вохӯрӣ ба иштирокчиён дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус, яъне (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти муфассал дода, таъкид карданд, ки ба риояи гигиенаи шахсӣ диққати асосӣ диҳанд ва қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро риоя намоянд. Дар охир ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.