БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус, самаранок истифода намудани замин, сафарбар гардидани вакилони ба шаҳри Душанбе дар доираи Амалиёти (аксияи) сайёҳию омӯзишӣ таҳти унвони "Сайри Ватан мекунем!" ва пешниҳод намудани вокунишу андеша ҷиҳати баррасию омӯзиши филми ҳуҷҷатии "Хиёнат" баргузор гардид.
Ҳамчунин, аз вакилони ҷамъомада даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин давраи ҳассоси хаёт бетараф набуда, барои содиқона ва софдилона хизмат намудан ба миллату давлат дар ҳар як вақту соат омода бошанд, барои пешгирии бемории сироятии короновирус миёни интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд роҳандозӣ кунанд.