БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

ВОКУНИШ. Тариқи  шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» оид ба кирдорҳои ваҳшиёнаи гурӯҳи террористию экстремистӣ ва роҳбарияти ТТЭ  мамнуъи Ҳизби наҳзати ислом,  ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик рӯзҳои мудҳиш, қатлу ғорат ва сарсонии зиёдро ба бор оварданд, намоиш дода шуд. Ин филм бори дигар  амалҳои ваҳшиёнаву хиёнаткоронаи роҳбарияти ин ташкилоти террористиро рӯшан собит намуда, бинандагон ба ҳадди ниҳоӣ аз ҳадафҳои нопоки онҳо  огоҳӣ пайдо карданд.  Дидани манзараҳои ҳузнангезу ваҳшоният, аз байн бурдани нобиғаҳои илму ирфон ва симоҳои саршиноси ҷумҳурӣ, бо шиканҷа ба қатл расонидани мардуми бегуноҳ дар зеҳну шуури бинанда  разилу касиф ва нокасу нотавонбин будани саркардагони  гурӯҳҳои ифротгароро бедор менамояд.

Яқин аст, ки имрӯз баъзе аз ҷонибдорони ин гурӯҳи ифротӣ бо  ақли ҳанӯз тираи худ, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ худро посдори халқу миллат нишон доданӣ шуда, бо суханони пучу бемағзи худ мехоҳанд таваҷҷуҳи мардумро ба самти худ кашида, ҷонибдорони худро пайдо намоянд.

Вале, имрӯз мардуми андешаманди тоҷик бо бардошт аз рӯзҳои сахту сангини солҳои мудҳиши асри гузашта  чеҳраҳои аслии ин гурӯҳҳои хиёнаткорро хуб мешиносанд ва ҳаргиз ба ҳарзаву буҳтони онҳо бовар надоранд.

Мо боварӣ дорем, ки ҳар як сабақи таърих барои мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла барои насли ҷавон дарси ватандорӣ аст. Ҷавонони мо созандагони фардои Ватан, идомадиҳандагони анъанаи насли калонсол буда,  аз саҳифаҳои таърих ва рӯзҳои мушкили ба сари миллати тоҷикомада сабақ мегиранд, меомӯзанд ва неку зиштро дар мизони ақл бармекашанд, то ки Тоҷикистони азизу ба ҷон баробари худро бо тафаккури пешрафта  ва иродаи қавӣ боз ҳам шукуфон гардонанд.    

Абдусаломзода Анзурат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg