БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ

Ҳамовозӣ ба филми мустанади  ХИЁНАТ ва ё касе, ки ба  ИШТИБОҲ роҳ дод, бахшидан мумкин аст, вале касе, ки ХИЁНАТ кардааст, бахшида нахоҳад шуд

Дар ҳайратам, ки чаппа ду олам намешавад,
Ин моҷарои миллати ман кам намешавад.
То ҳаст наҳзату наҳсу касофатӣ,
Ин наҳзати Худозада одам намешавад.

ВОКУНИШ. Шоми 16 июни соли равон тавассути шабакаи телевизионии Сафина барномае бо номи ХИЁНАТ ва ё касе, ки ба  ИШТИБОҲ роҳ додааст бахшидан мумкин аст, вале касе, ки ХИЁНАТ кардааст, бахшида нахоҳад шуд, манзури бинанда гардонида шуд, ки филми мазкур бори дигар парда аз рӯйи ҳадафҳои нопоки роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ, фитнаандозиву кибру ғурур ва зулму шиканҷа, куштору ғорат ва бесарусомониҳои солҳои 90 асри гузаштаи ин афроди ватанфурӯшу хиёнаткорро,  бардошт.

Ҷойи барои банда ҳассосу нафратангез ин дар ҷанозаи модар иштирок накардан ва тавассути телефон хондани ҷанозаи модар аз ҷониби фарзанди нохалаф- Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ буд, ки бори дигар арзиш надоштани Модар- Ватан мушаххас гардид. Ҳол он ки Кабирӣ метавонист дар як шабонарӯз ба Тоҷикистон баргашта, дар ҷанозаи модар, дар вақти видои вопасин ширкат варзида, қарзи фарзандии хешро пеши модару ҷамъи хешу табор ва наздикон адо намояд. Лек пулу сарват, молу дороии дунё ва қудрату мансаб чашми дунёсернагаштаи Кабириро қаноат накарда, модар бо чашми ҳайрону интизор дунёро падруд гуфт, зеро ки вай модар аст, модари ранҷдидаву ба умед фарзанд ба воя расонида…

Инҷо мехоҳам чанд ривоятеро, ки ба роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ, яъне Муҳиддин Кабириву ҳамдастонаш мутобиқу бомантиқ аст, мисол оварам.

 

Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матоъи ночизи дунё мефурӯшанд. (мухтасари Муслим: 118 )

2. Замоне меояд, ки мардум шаҳодати дурӯғро меписанданд ва ҳақро пинҳон мекунанд. (муснади имом Аҳмад: 3870)

3. Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд ба номи дин дурӯғҳо гӯянд, то мардум гумроҳ шаванд. (Муслим: 1822)

4. Замоне меояд, ки пайравӣ кардан аз расму оину фарҳанги куффор ривоҷ ёбад (яъне, бегонапарастӣ кунанд, идҳои ононро ҷашн гиранд).
(Бухорӣ: 7319 /3456 )

Ба ҳамватанони азизам, хосса занону ҷавонони Ватан муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки

 

Дар беҳ, зи худат назар макун, ғусса махӯр,

Дар кам зи худат назар куну шод бизӣ...

Сад дар сад шукр гӯем, барои зиндагии имрӯзаамон дар ин кишвари осоишта. Ҳар чизе ки дорем шукр бояд гуфт, ки Худованд аз ин бад накунад.
Имрӯзҳо баъзе аз нохалафони ин миллат ончунон кина бар дил доранд, ки намедонӣ, ки худ ба чӣ кор қодир ҳастанд. Аслан барои ман аҳамияте надорад он сафсатаҳои онҳо...

Такрор бошад ҳам, бояд гуфт шукр бояд кард, ки Худованд ба мо Ватани осоиштаву офтобиро насиб кардааст...

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg