
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади пешгирӣ аз вабои аср Covid-19, ки сар то сари оламро фаро гирифтааст, миёни сокинон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад. Дар баробари бурдани корҳои тарғиботӣ ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ барои бештар маълумот пайдо кардан аз моҳияти ин бемории хатарзо дастрас карда шуда, масъулин пайваста таъкид менамоянд, ки қоидаҳои оддитарини гигиенаи шахсиро ба ҷо оварда, худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ муҳофизат намоянд.