БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО БЕМОРИИ “КОВИД -19”

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули “хона ба хона” ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус корҳои тарғиботиро миёни сокинон ба роҳ монда,   дар суҳбат оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, тоза ва безараргардонии манзили истиқоматӣ ҳарф зада, қайд доштанд, ки амалҳои тез-тез шустани дастон бо собун, мунтазам истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, ки омили муҳими пешгирикунандаи бемории коронавирус мебошад,  барои ҳар як шахс ҳатмӣ ва зарур аст.  

Сипас, дар ин раванд  оид ба самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, масъулин баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва ғанӣ гардидани буҷаи оиларо  аз самаранок истифода бурдани заминҳо донистанд.   

Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотии дорои расму аломатҳои пешгирикунанда аз бемории сироятии коронавирусро  тақсим намуданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg