ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории коронавирус бо усули “хона бо хона” бо қисме аз сокинони деҳаи Токак суҳбат доир намуда, ба онҳо талаботи мутахассисонро барои пешгирӣ аз ин бемориро фаҳмониданд.
Ба иштирокдорони суҳбат, ки бештар аз 66 нафарро ташкил дода буд, дар охир барои истифода варақаҳои иттилоотии роҳҳои пешгирии ин бемориро дастрас намуданд.