БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат – самти муҳимми фаъолияти ҲХДТ

КӮЛОБ. Солимии миллат асоси рушди давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки баланд бардоштани маърифат ва мусъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, яке аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равонпизишкӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равонпизишкӣ”,  директори беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳӣ дар минтақаи Кӯлоб Сафаров Фаррух иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин дар вохӯрӣ қайд кард, ки мо ҳизбиён вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонад ва дар сари вақт барои пешгирии паҳншавии он чораҳои мушаххас намеандешанд, ба саломатии одамон хатари ҷиддиро ба миён оварда, дар баъзе мавридҳо оддитарин бемориҳо сабабгори марги инсонҳо мегардад. Махсусан, имрӯзҳо, ки хуруҷи АНМО (СПИД) ба сатҳи ташвишовар зиёд шудааст. Аз ин рӯ, интихоби тарзи ҳаёти солим роҳест барои ба даст овардани комёбиҳои назаррас, ҳамоҳангии ҷаҳони ботинӣ, муносибатҳои танзимшуда бо атрофиён, инкишофи зеҳнӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, Сафаров Фаррух баромад намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ андешаҳои худро иброз карда, ваъда дод, ки мо кормандони соҳаи тандурустӣ бо дарки масъулият барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар бораи бемориҳои сироятӣ, хусусан бемориҳои ВМНО/АНМО (ВИЧ/СПИД) ва гепотит С корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум бештар мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg