ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати расонидани иттилооти тиббӣ ба шаҳрвандон оид ба дуруст истифода бурдани ниқоби тиббӣ, маҳлулҳои безарагардонӣ беасос ва бе зарурият набаромадан аз хона бо кормандони муассисаи таҳсилоти томактабии №1 суҳбат гузарониданд.
Зимни баргузории вохӯри мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки бо вуҷуди он, ки дар мамлакат ин бемори рӯ ба коҳиш оварда бошад ҳам, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки ба эҳтимоли хатари авҷи дубораи ин беморӣ бепарво набошанд.
Сипас,, ба иштирокдорони чорабинӣ муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастрас карда шуд.