БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАРИН ТАБОБАТ АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар   Маҳаллаи №3 - и  Ҷамоати шаҳраки Совет  бо усули “хона ба хона” вохӯрии волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Зимни  вохӯрӣ,   мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон  иброз  дошт,  ки  пешгирӣ аз табобат беҳтар буда,  барои пешгирӣ аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ моро лозим аст, ба қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ қатъиян риоя намоем, то ин ки худ ва дигаронро  аз ин бемориҳо  эмин нигоҳ дорем.  Дар  охир  ба  иштирокчиён  варақаҳои иттилоотӣ ва  муроҷиатномаи ҲХДТ  барои  пешгирӣ  аз  бемории  сироятии  коронавирус  (COVID - 19)  ва  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ    дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg