БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: ҲАДАФИ МО СОЛИМИИ ҶОМЕА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА БА СОКИНОН АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Араб” ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи "COVID-19" дар маҳаллаҳо ва кӯчаву роҳравҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монда, риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, бе зарурият набаромадан аз хонаро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд, ки ба таҳлука наафтанд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.

Аз он ҷумла, ба сокинон муроҷиатномаҳо  ва  тавсияҳои табибон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg