БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧЕҲРАҲОИ МАНФУРИ ИФРОТӢ ВА МУБАЛЛИҒОНИ ҲНИ

ВОКУНИШ. Намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо далелҳои муътамад аз хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати ислом, ба ибораи яке аз аввалин аъзову ташкилкунандагони он Саид Қиёмиддини Ғозӣ «ҳизби оташнафаси хатокор» ва суханони ҳаммаслакону шоҳидони ҷинояткориҳои саркардагону аъзои он ҷузъиёти норӯшани таърихи мавҷудияти ин ҳизбро барои мо аён сохт.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти тунгароёна ва ихтилофбарангезонандаи ТТЭ ҲНИ ин фаъолияти рӯз то рӯз қуввагирандаи аъзои он дар фазои маҷозӣ мебошад, ки аз соли 2015 баъди сарнагун шудани балвои Назарзода, ташкилоти террористию экстремистӣ эълон шудани  ҲНИ ва аз қонун фирор кардану дар хориҷа паноҳ бурдани саркардагони он авҷ гирифт.

Маҳз ҳамин сомонаҳои интернетӣ ва аз хориҷа таъсису маблағгузорӣ шудани он ба ин хиёнаткорони ватанфурӯш имконият додааст, то бо нашри хабару гузоришҳои ғаразнок аз ҳаёти ҳамарӯзаи халқи тоҷик бо иловаи дурӯғу буҳтон ва муболиғаи аз ҳад зиёд фитнаангезию дассисабозиҳои худро аз хориҷа амалӣ намоянд. Дурӯғ будани хабару гузоришҳои ба ном журналистон-мубаллиғони ТТЭ ҲНИ дар навбати аввал сарчашмаи аниқ надоштани манбаи хабарии онҳост. Қариб тамоми хабарҳои онҳо бо суханони «як нафар шахси наздик ба мақомот», «як нафаре, ки нахост номаш ошкор шавад», «шахсе аз ақрабо ва хешовандони…» ва ғайра расонаӣ мешаванд ва боре ҳам нашуда, ки ин шахсони ба гуфти онҳо ватандӯст дар саҳифаҳои интернетии худ ягон дастоварди неки давлату миллатро холисона эътироф карда бошанд. Чаро? Магар Тоҷикистон ҳеҷ пешравие ба даст наовард, ки лоиқи таҳсин ё эътирофи ин афроди ба ном журналист бошад?

Маҳз нодида гирифтани тараққиёти рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта аз он истифодаи хурдтарин имконият баҳри паҳн кардани хабарҳои муболиғашуда исбот месозанд, ки ин сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ дастгоҳҳои мубаллиғони ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш барои ба даст овардани ҳокимият талош дошт. Ин ҳизби кисагии фурӯхташуда бо ҳидояти хоҷагони манфиатҷӯашон боиси даргириҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта, рехтани хуни 150 ҳазор тоҷик ва ҳамчун ҷанги бародаркӯш унвон гирифтани он гардид.

Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садрудинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи «Ислоҳнет» дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Оне, ки бо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистон ба вуқӯъпайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт?

Садрудинов Муҳаммадиқбол писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ Садурдинов Қаландар, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа ба Ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд, мебошад. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи «гуреза» аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-97 дар Ҷумҳурии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи яке аз пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд.

Шурӯъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи Садурдин, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист. Саидюнуси истиравшанӣ (ба гуфти ӯ насли босмачиён, ки падару бобояш низ замони барҳаётӣ ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд), ки муҷиби ҳамчун террорист ба даст афтодану пушти панҷараи зиндонҳои Афғонистон бо азобу уқубати зиёд фавтидани ҳамсари якум, сарсону саргардон гаштани зани дуюмаш бо як фарзанд, пушти панҷара рафтани бародару занаш бо ҷурми машғул шудан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳамаи ин якест. Ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад. Нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад. Шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо-мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти нигоштаҳои болост.

Аз таассуроти аз филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар ҳаминро эҳсос кардам, ки аъмоли неку бади фарзанд нахуст аз оила сарчашма ва шакл мегирад. Падар барои писар ҳамеша намунаи ибрату пайравӣ будааст. Нафароне, ки ба ҷинояткорӣ ва бадтар аз ин ба хиёнат ба Ватану миллат даст мезананд, дар оилаҳое тарбия ёфтаанд, ки аслан мафҳумҳои ҷавонмардӣ, нанг, номус, ор бегона буда, арзишҳое ба мисли ватандорию  ҳуввияти миллӣ эътиборе надоштааст. Пас, алҳазар аз чунин фарзанде, ки бо бенангӣ ба номи падару модар иснод биёрад. Алҳазар аз нафаре,  ки бо тамғаи хиёнат ба Ватан аҷдоди гузашта ва ояндаи худро доғдор созад.

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg