БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЪДИ ТАМОШОИ ФИЛМИ “ХИЁНАТ” НАФРАТАМ БА ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАҲЧАНД ЗИЁД ГАРДИД

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар манзараҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузаштаро пеши назар ҷилвагар намуд.

Душманони миллат бо дархости хоҷагони хориҷӣ дар ивази маблағҳои калон ва ваъдаҳои бебаркаш мехостанд,  сохти конститутсиониро дигар намуда, бо ном давлати исломӣ барпо намоянд.

Раиси Ҳизби террористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ баъди намоиши филм, ки ин мақсади нопоки ӯ ва ҳамроҳонашро шоҳидони ҳол бо далелҳо исбот намуданд, дигар бо дурӯғбофӣ худро тарафдори давлати демократӣ нишон дода наметавонад. Одам бе нафс намешавад. Вале чунин одамеро, ки барои нафси ҳаром ва ноил шудан ба мансаб ба давлату миллати худ хиёнат содир намояд, тасаввур намудан номумкин аст. Ин кори номумкинро Кабирӣ ва Ҳизби хунхори наҳзати ислом содир намуданд.

Дар бораи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, зарари молию ҷонии ба давлату миллат расида, ки то имрӯз онро ҷуброн менамоянд, ҳоҷати шарҳу эзоҳ нест.

Ба ҳамаи ин амалҳои хиёнаткорона нигоҳ накарда, имрӯз Кабирӣ ва думравонаш, ки аз тарси ҷазо дар хориҷ аз кишвар паноҳ мебаранд, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон дода, ба самти давлату миллат санги маломат зада,  бо ин роҳ мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ ба вуҷуд биоранд.

Вале Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки сокинони кишвар одамони зудбовари солҳои навадум нестанд. Онҳо дӯстро аз душман ҷудо карда метавонанд. Баъди ҳар баромади иғвоангезонаи ту Кабирӣ ва думравонат ва махсусан баъди тамошои филм нафрати мардум чун ман ба ту хиёнаткардаи халқу Ватан  даҳчанд зиёд гардид.

Миралӣ Назаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 15

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg