КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тақвияти тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ риояи талаботи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои бемориҳои сироятӣ масъалаи муҳими замони имрӯза ба ҳисоб рафта, ҳар яки моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Ба ин хотир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Лермонтови Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои дар болозикршуда, аз ҷумла самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини зархез ва ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти Ваҳдати миллӣ ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.