КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси COVID-19 ва тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои таблиғотӣ- фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои тарғиботиро дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён ба роҳ монданд.
Масъулин дар рафти суҳбатҳо вобаста ба пешгирии бемории дар боло дарҷгардида ба аҳолӣ маълумот дода, мардумро барои риояи қатъии гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ даъват карданд.