
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб атрофи мавзӯи пешгирии коронавирус ва истифодаи ҳар қитъа замин дар ташкилотҳои ибтидои шаҳри Кӯлоб мунтазам вохӯриҳои судманд анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бешкаппа” бо иштироки Насим Саидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шӯд. Минбаъд низ чунин мулоқотҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб идома хоҳад дошт.