БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби нақши анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” вохӯрӣ бо кормандони он баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб дар вохӯрӣ иштирок дошта, оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки баҳри беҳбудии рӯзгори мардум ва ободии Ватан нигаронида шудааст, суханронӣ намуд.

Мавмуф  дар рафти суханронӣ  инчунин, атрофи муқовимат бо коррупсия рушд ва эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зада,

қайд кард, ки ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ боиси беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва баланд гаштани маърифату маданияти халқи тоҷик дар арсаи байналхалқӣ хоҳад гашт.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба хизматҳои шоёни  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, иштирокдоронро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg