БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳтироми пули миллӣ- эҳтироми миллат аст

ЁВОН. Чанде қабл  тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар филиали БДА «Амонатбонк» дар  ноҳияи Ёвон  бо иштироки аҳли заҳмат вохӯри баргузор гардид.

Дар вохӯриҳо мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ И.Мирзоев андешаронӣ намуда, оид ба  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хоса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон,  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИТ, Гурӯҳи  24,  ҳамарӯза ба мардум расонидани хизматрасонии бонкӣ  андешаронӣ кард.

Қайд намудан ба маврид аст, ки филиали БДА «Амонатбонк» дар ноҳия яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол буда, дар ихтиёри худ 29 нафар аъзо дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg