
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории коронавирус дар деҳаи Сариангури Ҷамоат деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуд.
Дар мулоқот масъулин ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карда, таъкид намуданд, ки риояи дурусти қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, тозаю покиза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, бе зарурат аз хона набаромадан ва дигар талаботҳои муайяннамудаи табибон роҳи асосии сироят наёфтан аз ин беморӣ ва ҳифзи саломатии аҳли оилаи худ мебошад.