БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКУФОИИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқи Ҷануб” ба муносибати Рӯзи  Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона доир гардид.

Дар ҷамъомади мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар аввал Давлаталӣ Нозилов – шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, ҳозиронро ба муносибати 23- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки хишти Ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Роҳбари навинтихобшуда дар ҳузури намояндагони халқ бо як овози матину боварибахш Савганд ёд карданд ва ваъда дода буданд, ки ба мардум сулҳ меоранд. Сулҳе, ки барои мардум саодату оромиро меовард, бидуни мутаҳиддӣ дар асоси Ваҳдати миллӣ номумкин буд. Аз ин рӯ, музокироти тоҷикон ба Ваҳдати миллӣ дар кишвар заминагузорӣ намуд.

Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ др шаҳри Бохтар Искандар Қаҳҳоров суханронӣ карда, аз номи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки хушбахтона, пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷиқистон зиндагии мардум дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфт. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунему ба насли наврас ба мерос гузорем.

Ҳамчунин, доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, расидан ба ваҳдати сартосарии кишвар ва оромиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ибрози ақида карда шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба 40 нафар кормандони ҷавони ҶСК “Шабакаҳои барқи Ҷануб”, ки барои шомилшавӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg