БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТ ЭЪТИБОРИ МАХСУС ДОДАН ЛОЗИМ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии “Созандагони Ватан” дар Ҷамоати деҳоти Туғаланг, деҳаи Лелинград барои самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ва пешгирии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Зимнан шахсони масъул оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ, варақаҳои иттилоотиро  ба сокинон дастрас карда, таъкид доштанд, ки аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоянд. Ба қоидаҳои беҳдошт, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус дода, бе таҳлука ва ором зистан низ яке аз шартҳои дигари муҳим барои ҳифзи саломатӣ дониста мешавад. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд, набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро мешиканад. Инсон танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо рӯҳияи қавӣ метавонанд,  ба ҳамагуна беморӣ ғолиб барояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg