БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАҶАМЪОНА БО КОРОНАВИРУС МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирии  паҳншавии  бемории  коронавирус ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо бо сокинон бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо кормандони хоҷагиҳои  деҳқонӣ баргузор карда мешавад.

Аъзои гуруҳи корӣ  ин навбат бо сокинони деҳаи ба номи Ҳамро Олимови Ҷамоати деҳоти Истиқлол чорабинии ҳизбӣ доир карда, ҳолатҳои     пешгирӣ  аз  ин  бемории  сироятиро  фаҳмонида,   қайд  карданд, ки  роҳи  ягонаи    пешгирии  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ  пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ  ва  риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад. Аз ин хотир  пеш  аз  ҳама мо бояд  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя намоем. 

Ҳамчунин, масъулин дар бораи истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои  президентӣ  ва кишти такрорӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро таъкид карданд, ки  барои ба даст овардани ҳосили фаровон ҳар порча заминро самаранок истифода баранд.    

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg