БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАРОМАДИ ХУБ БА ДАСТ ОВАРДАН МУМКИН АСТ

ХОВАЛИНГ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ховалинг  пайваста  аз ҳолати кор дар  заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз замину об  маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинон аз заминҳои наздиҳавлигии худ тавассути меҳнати ҳалол даромади калон мегиранд. Натиҷаи ин гуфтаҳоро дар деҳаи Садбаргҳо дар истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ бараъло мушоҳида кардан мумкин аст.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ҳангоми боздид    аз  заминҳои наздиҳавлигии  сокинон бо  меҳнати пурмаҳсули онҳо ҷиҳати рӯёнидани ҳосил баҳои баланд доданд.

Дар суҳбатҳои доирнамуда, ки зиёда аз 76 нафар  соҳибхонаҳо иштирок намуданд, зарурат ва аҳамияти истфодаи замин ҷиҳати дастрасӣ ба ғизои солим таъкид карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg