ВОСЕЪ. Дар асоси нақша-чорабиниҳо ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рӯзигул Қурбонзода оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «МСД-Чорбоғ» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Рӯзигул Қурбонзода зимни суханронӣ афзуд, ки кормандони ташкилоти номбурда дар маъракаҳои сиёсию ҷамъиятӣ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда дошта, барои нигоҳ доштани беҳдошти солимии сокинони деҳа саҳмгузор мебошанд.