БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии хавфноки коронавирус бо усули “хона ба хона” дар  деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо сокинон суҳбат доир намуданд. Дар рафти суҳбат ба бошандагон барои  пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти муфассал дода, таъкид  намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ  дар хонаҳои истиқоматӣ роҳи асосии пешгирии ҳамагуна  бемории сироятӣ мебошад.

Дар ин рӯз бештар аз 86 нафар  бошандагони манзилҳо дар суҳбат  иштирок намуда, бо тавсияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg