БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ ХУД МЕҲНАТ МЕКУНЕМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони кӯчаи ба номи Сафаралӣ Қурбонови шаҳраки Москва корҳои оммафаҳмонӣ гузарониданд. 

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳия сертараддуд буда, барои истифодаи оқилона аз обу замин ҳамаҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат намудан барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg