БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ МАРОМИ МОСТ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгири аз бемории сироятии коронавирус дар Бозори марказии ноҳия корҳои оммафаҳмони гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шубаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи омилҳои паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, риоя кардани одоби муошират ва риоя кардани фосила ҳангоми гаштугузори оммавӣ бо кормандон суҳбат намуда, тавсия  дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, мушоҳидаи дарди гулӯ, нафаскашии мушкил ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ машғул нашуда, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.

Масъулин  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳангоми вохӯрӣ ба иштирокчиён муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро тақсим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg