БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамарӯза Аксияи ҳизбиро бо усули “хона ба хона” дар деҳаву маҳаллаҳои шаҳр доир намуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббиро  тақсим намуда истодаанд.  

Ҳамзамон, масъулин вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин, бо сокинони кӯчаҳои Абдулло Нарзулло, Гулистон ва Навободи маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули сангин шинос шуда,  фаъолияти кишоварзонро хуб арзёбӣ карданд. Зимни вохӯрӣ сокинон иброз доштанд, ки пайваста талош меварзанд, то ки ҳар порча замини худро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оранд.

Дар охир  қайд гардид, ки истифодаи самараноки замин манфиатовар буда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи оила таъсири мусбат мерасонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg