ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои маҳфили волонтёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ ва тақсими варақаҳои ёддоштӣ кӯшиш менамоянд, ки сокинони шаҳрро барои иҷрои нишондодҳои табибон оид ба пешгирӣ ва интиқоли бемории ҳамагири коронавирус талқин намоянд.
Дирӯз аъзои маҳфил бо усули «хона ба хона» бо 80 нафар соҳибони хонаҳо вохӯрда, вобаста ба сабабҳои паҳнгардии бемории коронавирус дар тамоми дунё ва роҳҳои пешгирии он ҳарф заданд. Масъулин дар суҳбат гуфтанд, ки риояи масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва ҳамчунин риояи гигиенаи шахсию беҳдоштӣ аз шартҳои асосии пешгирӣ ва муҳофизати худу наздикон аз ин бемории хатарнок мебошад, ки бояд ба таври ҳатмӣ риоя гардад.