КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон, варзиши шаҳри Кӯлоб ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим мунтазам барои пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус дар ҳамаи маҳаллаҳо ва Ҷамоатҳои деҳотҳо ва роҳравҳои марказҳои шаҳри Кӯлоб Аксия бо усули "хона ба хона" гузаронида шуд.
Вобаста ба ин масъулин ҳангоми тақсим кардани маводҳои таблиғотӣ оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус мардумро огоҳ сохтанд, ки худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ ҳифз намоянд.
Инчунин, зимни Аксия маводҳои таблиғотӣ, аз қабили варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, ки беш аз 300 ададро ташкил медод, тақсим ва дастрасӣ сокинон гардонида шуданд.