КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ. Ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурдан аз маърифати баланди шаҳрвандӣ дарак дода, нишонаи худшиносии миллӣ мебошад. Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида дар шаҳри Кӯлоб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо кишоварзони шаҳр мулоқотҳои судманд анҷом дода истодаанд.
Чунин як мулоқот бо заминдорони деҳаи Панҷосиёби Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб доир карда шуд. Сокинон ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба харҷ дода истодаанд.