КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ чиҳати иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, корҳои фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондаанд. Масъулин дар ровҳравҳо ба ронандаҳое, ки бе ниқоб вориди шаҳри Кӯлоб мешаванд, варақаҳои тавсиявиро баҳри пешгирӣ аз коронавирус тавсия шудааст, тақсим намуда, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ доданд. Инчунин, ба ронандагон 380 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.