ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Ғофилободи Ҷамоат деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус гузаронида шуд.
Масъулин ба ҳамсуҳбатон таъкид карданд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бепоя бовар накарда, бо истифодаи самараноки заминҳои дар уҳдадоштаашон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.
Ҳамчунин, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.