БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНОН КОРОНАВИРУСРО БА ЯРОҚИ ЗИДДИ МИЛЛАТ ТАБДИЛ ДОДААНД

ВОКУНИШ.  Аз ибтидои  соли ҷорӣ сокинони ҷаҳон ба мушкилоти бемории сироятии коронавирус рӯ ба рӯ гаштаанд.  Дар Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории марговар дар оғози пайдоиши он корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа давоми ду моҳ сокинони кишвар ором  зисту зиндагӣ намуданд. Мутаассифона, ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд ва имрӯз барои аз байн бурдани он аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда мешавад. 

Дар сафи пеши мубориза ба бемории коронавирус табибони тоҷик истодаанд ва онҳо  бо ҷасорат ва ҷавонмардӣ,  нангу номуси ватандорӣ,  садоқат ба қавлу қасами хеш амал карда, барои табобати мардум ҷон рӯи каф гузоштанд. Аммо дар ин давраи барои мардум бисёр ҳассос ҳастанд гурӯҳҳои манфиатхоҳ  чун аъзои Ҳизби террористии наҳзати ислом ва Паймони дурӯғини миллӣ, ки пайомадҳои  бемории коронавирусро чун яроқ бар зидди давлату миллат равона намуда, бо суханони бардурӯғу иғвоангезона мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ, нобоварӣ ба давлату ҳукуматро ба вуҷуд биоранд.

Наҳзатиҳое, ки аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо истифода аз эътимоду боварии мардум мехостанд  давлати миллии баъди ҳазорсола ба дастомадаро аз байн бурда,  ба ҷойи он бо ном давлати исломӣ барпо намоянд, имрӯз бо истифода аз  фурсат - пайдо гардидани бемории коронавирус мехоҳанд бо роҳи иғвоандозӣ  дубора дар мамлакат норомиро ба вуҷуд биоранд.Онҳо тамоми талафотҳои ҷонии дар мамлакат аз дигар бемориҳо баамаломадаро  ба коронавирус рабт дода,  дар баромадҳояшон чунин нишон медиҳанд, ки давлат барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ амалеро иҷро намекарда бошад.

Чунин амали ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо як навъ беморист, бемории  маъруф ба бадбинӣ. Онҳо ба ғайр аз худ манфиатҳои худ касе ва чизеро дида наметавонанд. Зеро нону намаки миллат онҳоро кӯр кардааст. Дур нест, ки ҳамаи ин бадхоҳони давлату миллат ба чоҳи кандаи худ афтода, аз амалҳои душманонаи худ пушаймон мегарданд. Зеро дар дунё ба ғайр амали нек ҳама чиз пушаймонӣ дорад.

Сайдакбар Умаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 33

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg