БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБИ ҲАР ШАХС ХУДИ ӮСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ,аз ҷумла коронавирус ҳамарӯза суҳбату вохӯрӣ ва корҳои оммафаҳмонӣ баргузор намуда истодаанд. Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳия вохӯрӣ навбатӣ доир намуда, дар суҳбат қайд карданд, ки пайдо шудану босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида карда, мардуми оламро ноорому осебпазир ва мушкилоти зиёдеро пеш овардааст. Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технология пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда  мешавад, ки ҷиҳати пешгирии бемории мазкур, пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд,ки “Табиби ҳар шахс худи ӯст!”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg