БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ ЭЪТИБОРИ ҶИДДӢ ДИҲЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи “Солимии миллат-бақои давлат”. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагии “Созандагони Ватан” корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида истодаанд.

Дар баргузории аксия ба сокинон оид ба риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи масофаи байниҳамдигарӣ, риояи қоидаҳои ҳатмии шахсӣ ва дуруст истифодабарии маҳлулуҳои безараргардонӣ ва дар ҷойҳои серодам бо худ доштани ниқоб ҳушдор намуданд. Дар баргузории аксияи мазкур наздики беш аз 330 адад варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg