БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКР ГӮЯМ МАН АЗ ВАҲДАТ...

АНДЕША. Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, бо гузашти солҳо нақши таърихии онҳо бештару фузунтар мегардад.

Бисту се сол қабл аз ин 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷат ифодагари пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар гардид. Маҳз бо кӯшишу талош ва ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз бесарусомониҳои дар кишвар ба амал омада мо ба ин қуллаи мурод расидем ва 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

Сулҳу ваҳдат ва оштии миллӣ зери ин ибораҳо маънии зиёде нуҳуфтааст ва ин маъниҳо ҳаёти хушу осудаи моро ифода намуда, ба мо бахту саодат ато менамоянд. Нафаси хуши як лаҳзаи дунёи орому осуда чи қадар гуворост. Вақте ба чеҳраҳои шукуфони ҳамватанони азизамон менигарам аз завқ меболам. Шукри ин зиндагии хурраму гуворо мекунам. Шукри он ки сулҳу дӯстӣ ва оромӣ дар Ватани азизу муқаддасам ҳукмфармост. Пеш аз ҳама сулҳу оромӣ, хуширо дар чеҳраҳои зебои модарон дида, худро аз банди ҳама ғаму ғуссаҳо озод ҳис мекунам. Аҷаб дунёи зебо ва шукуфо аст ин сулҳу оромӣ. Ва ин ҳама аз атои Худованд ва созиши мардум аст. Созиши ақли солим. Он созише, ки 23 сол муқаддам моро бо машаққатҳо ва бурдборию ташаббуси тарафайн насиб гардид. Ин созишест, ки онро оштии миллӣ мегӯем ва ин падидаи таърихӣ, ки аз ақли хирад, заковатҳо берун шуд, тамоми ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард ва то имрӯз мафтун сохтааст. Мо аз он ифтихор дорем, ки Сарвари оқилу фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳаёти осоиштаро ба миён оварда, тақдири халқу Ватанро бо тадбирҳои нек, дурандешӣ ба мизони меҳру муҳаббати худшиносӣ баркашида ҳал намояд. Зеро сулҳу оромӣ дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳамеша ҳосили ширин ба бор меорад.

Бо камоли эҳтиром тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик ва таҳният гуфта, барояшон умри бобарор, осоиши рӯзгор ва комёбиҳои бешумор таманно дорам.

Бигузор ба бахти мардуми Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ пойдор бимонад ва кишвари маҳбуби мо дар фазои сулҳу субот ва дӯстиву ҳамдилӣ рушд намояд.

Ватан аз иттиҳоди мо гулистон мешавад фардо,

Нишони қудрати мо ҳам зи ваҳдат мешавад пайдо.

 

Ҷумаев Ҳамза, собиқадори ҲХДТ, сарвари МТМУ №4 ноҳияи Қубодиён

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg