БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Шароити имрӯза моро водор мекунад, ки   мубориза   бо ифротгароии  динӣ   ва терроризмро    чун масъалаи ҳаётӣ  қабул   намоем. Шак нест, ки  ин масъала   ба сарнавишти   давлатдории миллии  мо  гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки бо  шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки  хатари  воқеӣ  ва  ба  мубориза  алайҳи  он таваҷҷуҳи  бештар намоем. Ифротгароёни динӣ  барои  расидан ба  ҳадафҳои  нопоки худ  аз зӯроварию хушунат  истифода мекунанд. Ифротгаро  ба тарзи  дигар   фаҳмиши меъёрҳои   дин, аз ҷумла   мазҳабҳо, мактабҳо  ва равияҳои   дигари   дини мубини Исломро  тамоман эҳтиром   намегузорад,  нисбат   ба пайравони  онҳо бадбинӣ  ва нафрат  зоҳир   намуда, дар муқобили   онҳо   ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд  ва  мубориза мебарад.  Ба  ҷомеа  ва ҷаҳон  нигоҳи фирқаӣ дорад.

Дар  таърих боре ҳам  нашудааст, ки  террористон  худро террорист хонда бошанд.  Барои асоснок  намудани амалҳои  худ онҳо далелҳои  иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ эҷод менамоянд. Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ  ва  сиёсӣ  низ дорад, ҷинояти  сангин   алайҳи  инсоният аст. Террористон   мекӯшанд, то фазои  ноамнию  бесуботиро  барои  шаҳрвандон   эҷод намуда,  бо амалҳои ноҷавонмардонаашон   кӣ будани худро  собит намоянд.   Ба ин  восита   боварии  мардумро  нисбат   ба  давлат  коҳиш  дода,  миёни   давлат ва мардум  фосила эҷод    мекунанд.   Гуфта    метавонем, ки   ҳар  амали   хушунатомези   дорои   мақсадҳои   сиёсӣ   ва мазҳабӣ  миёни халқ  даҳшат меафканад   ва боиси   бесуботӣ  ва беэътимодии мардум мегардад, амали  террористӣ  мебошад. 

Мо - тоҷикистониён бояд ҳамдигарро  сиёҳу сафед, муҳоҷиру  таҳҷоӣ,  ҷанубию шимолӣ, бадахшонию кӯлобӣ, ғармию  бохтарӣ  нагӯем. Пеш аз  ҳама  тоҷикистоние  бошем, ки  як  идеяи  фарогири  миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати  ягонаи  муттаҳид,  суботи  сиёсию  ҷамъиятии бароямон  аз ҳама   арзишу   манфиатҳои дигар  болою воло  бошад.  Бинобар мо шаҳрвандони   кишвар  ва дигар  фаъолони   ҷомеаро   зарур аст, ки  дар  маҷрои   ҷахонишавӣ   бо дарки  масъулият Истиклолияти   давлатиро  на танҳо  бо шиору   гуфтор,  ситоишу   парастиш,  балки  бо меҳнати  софдилона  ва самимӣ   дар ҳамаи  соҳаҳои  хоҷагии  халқ  таҳким бахшем,  бепарво  ва бемасъулиятӣ  зоҳир   нанамоем   ва  барои  таълиму   тарбияи  наврасон, ҷавонон дар роҳи   ватандӯстӣ, худогоҳиву  худшиносӣ,  инчунин   ҷалби   онҳо  ба   корҳои  созандагиву  ободкорӣ,  ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким  бахшидани Ваҳдати  миллӣ  саҳмгузор бошем.

Мизробова Шаҳло, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg